Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардиданд

Донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардиданд

Тарбияи мутахассисони ҷавону болаёқат шиори ҳамешагии давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз масъалаи мазкур тақозои ҷомеаи имрӯза маҳсуб ёфта, бидуни амалӣ гардидани ин ҳадаф рушди ҷомеаи навинро тасаввур кардан номумкин аст. 
Барои исботи ин гуфтаҳо ҳаминро зикр намудан бамаврид аст, ки бо ташаббуси устодони кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва тибқи фармони ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Хайрзода Ш.Қ. таҳти №63/д/р аз 7.12.2018, дар якҷоягӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 31.01.2019 донишҷӯёни курси 4-уми ихтисосҳои хадамоти гумрук ва таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрук барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. 
Ҳангоми шиносоӣ бо донишҷӯён намояндаи РМГ дар шаҳри Душанбе, муовини сардори раёсат, подполковники хадамоти гумрук Раупов Хуршед ва сардори шуъбаи кадрҳои ҳамин раёсат, подполковники хадамоти гумрук Зебо Муродова суханронӣ карда, фикру ақида ва пешниҳодоти худро ироа намуданд. 


Зафар Ҳалимхонов, устоди кафедраи фаъолияти гумрукӣ