Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии фаъолияти ДДМИТ дар назди рӯзноманигорон

Баррасии фаъолияти ДДМИТ дар назди рӯзноманигорон

Рӯзи 4-уми феврали соли ҷорӣ дар маркази матбуоти АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳузури рӯзноманигорон оид ба фаъолияти ДДМИТ иттилоъ доданд. 
Ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода дар бораи дастовардҳои донишгоҳ дар соли сипаригардида ибрози назар карда, афзуд, ки дар соли ҷорӣ низ ДДМИТ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи чаҳорумро соҳиб гашт, ки ин мақоми баланд аст ва донишгоҳ дар қатори панҷгонаи аввал қарор гирифт. Ҳамчунин ишғол намудани ҷойи 3-юм дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол-2018” аз ҷониби донишҷӯи курси 4-уми донишгоҳ Албина Куканбекова натиҷаи беҳтарин дар самти таълими донишгоҳ мебошад. Айни ҳол дар самти баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ, пурра гузаштан ба шакли электронии идоракунии донишгоҳ, тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳо идома доранд, гуфт ректор. 
Вобаста ба ҷалби довталабон гуфта шуд, ки дар соли 2018 тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳазору 300 нафар довталаб Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро интихоб намуданд (ин дар сатҳи ҷумҳурӣ байни МТОК ҷойи 6-ум аст). Дар соли 2018-2019 иҷроиши нақшаи қабул 96,6 фоизро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2017-2018 2,5 фоиз зиёд аст. 
Дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ навгониҳо зиёд буда, дар ин сол 13 нафар устоди донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, сафи устодони унвондорро афзун карданд. Ректор дар мавриди дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии устодоне, ки дар хориҷи кишвар рисолаи номзадӣ дифоъ мекунанд, низ истода гузашт ва идома додани ин анъанаро барои ҳавасмандӣ ва пешбурди корҳои илмӣ муҳим донист. Таъкид гардид, ки дар соли 2018 донишгоҳ бо беш аз 20 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Айни ҳол дар донишгоҳ 261 шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, гуфт ректор. 
Matbuot4001.jpgҲайрзода Ш.Қ., ҳамчунин дар бораи татбиқи лоиҳаи “профессори даъватӣ” ёдовар шуд, ки мутобиқи он ду нафар профессор аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон омада, ба донишҷӯёни мо лексия хонданд ва ду нафар профессори мо – Қандиёрова Д.О. ва Бозоров Ш.Ш. дар донишгоҳҳои кишвари ҳамсоя лексия хонданд, ки барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба такон мебахшад. 
Инчунин гуфта шуд, ки дар соли 2018 дар донишгоҳ корҳои ободонию таҷдид ва сохтмону таъмирӣ ба анҷом расонида шуд, аз ҷумла як бинои замонавӣ бо тамоми таҷҳизот ба истифода дода шуд, ки дар он кафедраҳои умимидонишгоҳӣ, марказӣ тестӣ, шуъбаи табъу нашр ва бунгоҳи тиббӣ ҷойгир аст, таъмири умумии бинои таълимии №3, сохта ба истифода додани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 21 метр ва анзавсозии иҳотадевори донишгоҳ ва маҳаллаи Навбаҳор, аз ҷумлаи онҳоянд. Дар бораи дурнамои корҳои ободонӣ маълумот дода, ректор хотиррасон кард, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони як бинои таълимӣ ба нақша гирифта шуда, тарҳи он омода гардидааст ва рӯзҳои наздик сохтмонаш оғоз мегардад. 
Зимни нишасти матбуотӣ ректор вобаста ба фаъолият дар самтҳои таълим, корҳои илмию тадқиқотӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ, хоҷагидорӣ, ободонӣ ва вазифаву нақшаҳои ояндаи фаъолияти ДДМИТ ба намояндагони васоити ахбори омма маълумоти муфассал дод. 
Дар идомаи нишасти матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорон ва рӯзноманигорони телевизиони “Сафина”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Народная газета”, “Халқ овози”, “Садои мардум” ва маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” посухҳои мушаххас дода шуд. 


Саъдулло Носиров