Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паёми роҳнамосози ҷомеа

Паёми роҳнамосози ҷомеа

Зери ҳамин унвон имрӯз, 4 феврали соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соати тарбиявию сиёсӣ доир карда шуд. Соати тарбиявию сиёсӣ аз ҷониби номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ Ашуров Fиёсиддин баргузор гардид, ки дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд. 
Ёдовар мешавем, ки соатҳои тарбиявию сиёсӣ бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст, ки дар он масъалаву мавзӯъҳои актуалии ҷомеа аз ҷониби олимону муҳаққиқон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон, адибону шоирон, намояндагони вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилотҳои пешбарандаи ҷомеа ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ пайгирӣ карда, миёни донишҷӯён баррасӣ мегарданд. 
Дар интиҳои соати тарбиявию сиёсӣ Давлатзода Абдулло Давлат сухан намуда, баён дошт, ки мақсад аз роҳандозии ин иқдом ташаккули тафаккури созандаи ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, арзишҳои фарҳангиву ахлоқии ин қишри ҷомеа ва бо ин васила густариши ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ дар замири донишҷӯён мебошад. Баён карда шуд, ки дар марҳилаҳои баъдӣ донишҷӯёне, ки зимни баргузории соатҳои тарбиявию сиёсӣ фаъолнокии худро нишон медиҳанд, ҷиҳати шомил шудан ба маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» дар назди Қумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешаванд. 


Фирдавси Абдуғафорзода-сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон