Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Устодону донишҷӯёни ДДМИТ: рӯ ба сӯи варзиш

Устодону донишҷӯёни ДДМИТ: рӯ ба сӯи варзиш

Рӯзи 2-юми феврали соли равон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Аҳмади Дониш аз ҷониби устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ибтикори раёсати тарбия ва кор бо ҷавонони донишгоҳ машқи пагоҳирӯзии варзишӣ доир карда шуд. Зимни баргузории машқи пагоҳирӯзӣ бештар аз 150 нафар устоду донишҷӯи донишгоҳ ширкат намуданд. Бояд гуфт, ки роҳандозӣ намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар маконҳои варзишиву фарҳангии кишвар доир мегардад, идеаи ҷавонсолоронаву варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки зимни мулоқот бо варзишгарон ва намояндагони ҷавонони кишвар баён гардида буд. 
Ҳадаф аз роҳандозии иқдоми мазкур ҷалби бештари ҷомеа ба варзиш, ташаккули тафаккури созандаву ахлоқӣ ва ҳифзи солимии аҳолии кишвар мебошад. 


Мавзуна Таварова, коргузор - ҳуҷҷатнигори раёсати корҳои тарбиявӣ