Хабарҳо
Дастоварди илмии олимони ҷавон
Боиси хурсандист, ки дар донишгоҳ рӯз то рӯз сафи олимони ҷавон меафзояд ва ин боиси пешрафти сатҳи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мегардад.
Санаи 25-уми январи соли равон дар Шӯрои диссертатсионии байнидавлатии К 08.17.564 назди Донишгоҳи байналмилалии ба номи К. Ш. Токтомаматов, Донишгоҳи давлатии Ош ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии муаллими калони кафедраи андоз ва андозбандӣ ва унвонҷӯи кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории ДДМИТ Суҳроб Шукуров муваффақона ҳимоя кард. Олими ҷавон дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди бахши ҷамъиятӣ дар соҳаи хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ (соҳаи хизматрасонӣ) зери роҳбарии Парвиз Хоҷаев - доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент тадқиқоти илмӣ бурдааст.
Мо Суҳроб Шукуровро бо ин дастоварди илмӣ табрик намуда, барояш дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогиаш барору комёбиҳо орзумандем.