Хабарҳо
Китоб сарчашмаи дарёи дониш
Китоб сарчашмаи дарёи дониш, калиди ганҷи сухан, меҳрафрӯзи дилҳо, накуибахши руҳу равон, зинатбахши ҳаёти инсонист. Он пулест, ки моро аз дунёи ноаёниҳо ба олами муваффақияту комёбиҳо роҳнамун месозад. Китоб бозгӯкунандаи ҳаёти дирӯзу имрӯзи башар мебошад, ки он дар шабистони рӯзгори мо чароғи умеду мақсудро нурфишон месозад.
Имрӯз, 5 феврали соли 2019 бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аксияи китобхонӣ зери унвони «Китоб сарчашмаи дарёи дониш» доир карда шуд. Дар аксияи мазкур доираи васеи донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани аксияи мазкур ҷалби бештари ҷавонон ба китобхонӣ ва ташаккули тафаккури созанда, баланд бардоштани маърифати ахлоқии насли ҷавон ва бо ин васила ҷалби онҳо ба омӯзиши донишҳои муосир мебошад.
Раҷабов Мақсуд-мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ