Хабарҳо
Семинари муфид
Санаи 5 феврали соли 2019 бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ семинари доимоамалкунандаи умумидонишгоҳии «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзӯи «Методикаи таҳияи рисолаи илмӣ, омода намудани мақолаҳо ва фишурдаҳо» бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) баргузор гардид.
Дар ибтидо Хоҷаев Д., сардори раёсати илм ва инноватсия семинарро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд кард, ки баргузории чорабинии мазкур мубрам ва муҳим мебошад. Зеро мавзӯи интихобшуда дар таҳияи рисолаҳои номзадии устодону аспирантон ва магистрантону докторантон аз рӯи ихтисоси PhD мусоидат менамояд.
Сипас мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, н.и.и., дотсент Маъдиев С. вобаста ба тарзу усули таҳияи рисолаҳои илмӣ, навиштани мақола ва фишурдаҳои илмӣ баромад намуд. Мазмуну муҳтавои баромад ва тавсияҳои пешниҳодшудаи мавсуф бобати таълифи мақолаю пажӯҳишҳои илмӣ ба устодон, алалхусус ба муаллимони камбаҷриба ва дигар муҳаққиқони ҷавон ёрӣ мерасонад.
Дар ҷамъбасти семинар иштирокчиён ба маърӯзакунанда саволҳо дода, ҷавобҳои қаноаткунанда гирифтанд.