Хабарҳо
Соати тарбиявию сиёсӣ дар факултети иқтисод ва бизнес
Санаи 6-уми январ дар факултети иқтисод ва бизнес барои донишҷӯёни ин факултет оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи «Паёми раҳнамосози ҷомеа» соати тарбиявию сиёсӣ баргузор гардид.
Нахуст устоди факултет, н.и.и. С. Маъдиев дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат баромад намуда, таъкид дошт, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва барқарорсозии сулҳу ваҳдат муҳим мебошад.
Зимни баргузории чорабинӣ гуфта шуд, ки дар соли қаблӣ расман оғоз гардидани ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ба кор андохтаи агрегати якуми Неругоҳи барқи обии Роғун ва кушода шудани марзҳои ду кишвар - Ӯзбекистону Тоҷикистон муҳимтарин дастовардҳо ба ҳисоб мераванд. Падидаи дурахшони навбатӣ дар Паёми Пешвои миллат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 мебошад. Ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зам шудани рушди деҳот мантиқан хеле созгор ва саривақтист, зеро дар баробари ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, деҳот ва маҳалли ҷумҳурӣ низ бояд рушд кунад.
Гуфта шуд, ки мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳо дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар деҳа мебошад.
Дар анҷом байни донишҷӯён ва устодон саволу ҷавоб сурат гирифт.
Раҳимзода Н.