Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Паёми эҳёгари ғояҳои инноватсионӣ

Паёми эҳёгари ғояҳои инноватсионӣ

Ин навбат зери ҳамин унвон рӯзи 6 феврал дарси тарбиявию сиёсӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби садорати факултети ҳисобдорӣ ва омор доир карда шуд. Дар дарс ҳамаи донишҷӯёни ихтисосҳои марбути факултет фаро гирифта шуданд ва он дар се бахш бо фарогирии зермавзӯъҳои «Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари ҳувияти миллӣ», «Саноатикунонии кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳ» ва «Аз ташаккули неруи инсонӣ то татбиқи стратегияи рушд» идома ёфт. Мавзӯъҳо аз ҷониби олимони соҳаи иқтисод, номзадони илми иқтисодӣ Ҷурахонзода Баҳодур Ҷурахон, Маъдиев Саъдихоҷа, Фасеҳзода Ислом, Садридинов Манучеҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Дар дарсҳо асосан ҷиҳатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлилу шарҳ дода шуд. Гуфта шуд, ки нуктаи муҳим дар Паём асоснок кардани нақшаҳои афзалиятноки иқтисодӣ буда, яке аз масъалаҳои калидии рушди иқтисод ин ҳавасмандгардонӣ ба хотири истеҳсолоти ивазкунандаи воридот мебошад. Ҳамзамон давра ба давра боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум меҳвари ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дониста шуд. 
Ёдовар мешавем, ки амалинамоии ин иқдом дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо пешниҳоди раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ мавриди амал қарор гирифта шудааст. 


Усмон Усмонов–эдвайзер оид ба тарбияи факултет