Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳлили имкониятҳои саноатикунонӣ дар кишвар

Таҳлили имкониятҳои саноатикунонӣ дар кишвар

Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат аз нигоҳи бандубаст ва сохтори мантиқии худ дорои зарфияти барозандаи иҷтимоию иқтисодӣ буд, ки аз оғози воқеӣ ва амалии марҳилаи рушди устувори кишвари мо муждаҳои фараҳбахш медод. 
Вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5-уми январи соли ҷорӣ дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт соати тарбиявӣ-сиёсӣ барои донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Дар он декани факултет Илҳом Неъматов оид ба самтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Паёмро шарҳ дод. Мавсуф таъкид дошт, ки вобаста ба аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Пешвои миллат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Татбиқи амалии мақсаду вазифаҳои дар платформаи се ҳадафи асосии стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда актуалӣ ва манфиатбор будани худро барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ собит месозад ва барои расидан ба ҳадафи чаҳоруми миллии мо – саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд, гуфт мавсуф. 
Дар охир гуфта шуд, ки таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти иҷтимоию иқтисодии кишвар ва дастуру супоришҳои қатъии Пешвои миллат дар Паём далолат бар он доранд, ки саъю талошҳои неруҳои созанда бояд дар байни ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ дастгирию ҷонибдории ҳамаҷониба пайдо кунанд, то раванди рушди устувору бебозгашти иқтисодиёт таъмин гардад. 


Умар Воҳидов, муовини декан оид ба илми факултет