Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрии намояндагони мақомоти қудратӣ бо донишҷӯён

Вохӯрии намояндагони мақомоти қудратӣ бо донишҷӯён

Таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки бояд аҳли ҷомеа ба он таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд. Зеро дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф мақоми хоса дорад ва фароҳамсозии шароити мусоиди таҳсилу таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар далели равшани гуфтаҳост. Вобаста ба ин масъала санаи 8-уми феврал дар ДДМИТ вохӯрии васеи намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни муассиса сурат гирифт, ки зимни он ба мавзӯъҳои пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ба монанди экстремизму терроризм, ҷинояткорӣ байни ноболиғон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва нашъамандӣ байни ҷавонон таваҷҷуҳи бештар дода шуд. Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи моликияти зеҳнӣ, полковники милитсия Худойдод Пирмадзода ва корманди шуъбаи моликияти зеҳнии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Мирзо Маҳмудзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Бунафша Қодирова ва сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Абдуллоҳ Давлатзода иштирок ва суханронӣ намуданд. 
vokhur401.jpgХудойдод Пирмадзода зимни суханронӣ ба масъалаҳои афзудани қонунвайронкуниҳо байни ноболиғон ва ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои хусусияти ифротӣ-террористидошта, риоя накардани талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» аз ҷониби ҷавонон ва донишҷӯён изҳори нигаронӣ кард. Номбурда таъкид дошт, ки имрӯз мо аз иқдомот ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳанпарастӣ ва хештаншиносӣ тарафдорӣ намуда, баҳри амалишавии ин ҳадаф якдилона хизмат мекунем. Аммо натиҷаҳои ҷамъбасти соли гузашта нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам дар ҷомеа наврасон ва ҷавононеро вохӯрдан мумкин аст, ки даст ба ҷиноят ва қонуншиканӣ мезананд. Танҳо дар соли 2018 4465 адад ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби ҷавонон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017 6,4 % кам мебошад. Дар байни донишҷӯён бошад, дар дувоздаҳ моҳи соли гузашта 65 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 21 ҳолат зиёд мебошад ва ин боиси нигаронист. 
Аз ҷумла, ба дарсҳо дер омадан, бо сару либоси ғайритавсиявӣ ба таълимгоҳ ҳозир шудан, бо риши расидаву мӯйи сари дароз ва бо автомобили шахсӣ ба дарсҳо ҳозир шудан аз қабили қонуншиканиҳоест, ки аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ содир шудааст. Баҳри пешгирии қонуншиканиҳо ва риояи ҳатмии қонунгузории кишвар байни ҷавонону донишҷӯён, ки қисми ояндасози миллату давлатанд, ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. 
Х. Пирмадзода дар охири суханронӣ донишҷӯёнро аз вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ намуда, қайд кард, ки вазъияти ногувори сиёсиву амниятии ҷаҳони имрӯза ҳамаро водор месозад, ки барои ҳимояи амнияти миллату давлат чораҳои саривақтӣ андешида, дар роҳи таъмини субот беш аз пеш эҳсоси масъулият дошта бошанд. 
Дар охир баҳри ҳамкории ҳамешагӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯён тавсия ва пешниҳодҳо дода шуд. 


Н.Раҳимзода