Хабарҳо
Вохӯрӣ дар хобгоҳ
Дар хобгоҳи № 1-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии сардори бахши ҳуқуқи донишгоҳ Сайдалӣ Ҳаитов ва дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Қутбия Ҳомидова, мутахассиси бахши хобгоҳҳои раёсати корҳои тарбиявӣ Раҷабов Мақсуд бо донишҷӯёни хобгоҳ сурат гирифт. Дар ҷамъомад, ки ба мавзӯи «Ифтихори ватандорӣ» бахшида шуда буд, донишҷӯёни хобгоҳ иштирок доштанд.
Сайдалӣ Ҳаитов ҷамъомадро оғоз намуда, бобати ташаккули маърифати ахлоқиву маънавӣ, ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон ибрози андеша кард. Сӯҳбати устодон мавзӯъҳои дӯст доштани Ватан, меҳру муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ва пос доштани таъриху фарҳанги гузаштагонро фаро гирифта буд. Донишҷӯён бо саволҳо ва ибрози фикру андешаҳои худ маҳфилро ҷозибтар гардониданд. Масъалаи одобу ахлоқи ҳамида, тарзи рафтор, тарзи гуфтор дар ҷомеа, низ яке аз масъалаҳои муҳими маҳфил буд. Инчунин, дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби устодон нигоҳ доштани фарҳанги ягонаи миллӣ, ҳифзу нигаҳдории осори ниёгон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии донишҷӯён талқин гардид.
Раҷабов Мақсуд - мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ оид ба хобгоҳҳои донишгоҳ