Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шарҳи Паём дар факултети МИБ

Шарҳи Паём дар факултети МИБ

Санаи 5-уми феврали соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ тибқи нақшаи донишгоҳӣ оид ба баргузор намудани дарсҳои дастаҷамъии тарбиявию сиёсӣ дар байни гуруҳҳои академӣ барои донишҷӯёни факултет оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи «Паёми раҳнамосози ҷомеа» соати тарбиявию сиёсӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Давлатзода А. иштирок намуда, чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. 
Сипас, декани факултет, н.и.и., дотсент Қ. Муқимов дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат баромад намуда, таъкид дошт, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад. 
Зимни баргузории чорабинӣ гуфта шуд, ки дар соли қаблӣ расман оғоз гардидани ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ба кор даровардани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии Роғун ва кушода шудани марзҳои ду кишвар - Ӯзбекистону Тоҷикистон муҳимтарин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаригашта ба ҳисоб мераванд. 
Таъкид гардид, ки, масоили баррасигардида дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҷанбаҳои муҳими байналмилалию иқтисодӣ, инчунин фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар буда, дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори мамлакат ва таъмини бехатарии он муҳим арзёбӣ карда шуд. Дар анҷом байни донишҷӯён ва устодон саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Мавҷуда Давлатова, эдвайзер оид ба тарбияи факултет