Хабарҳо
Паёме дар роҳи маърифати молиявӣ
Яке аз масъалаҳои калидии Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ин ташаккули маърифати молиявӣ, вусъатдиҳии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони рушд, густариши инфрасохтори саноативу соҳибкорӣ мебошад, зикр намуд номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳокимбек Сандалов зимни баргузории соати тарбиявию сиёсӣ, ки санаи 7-уми феврали соли 2019 миёни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид.
Дар баргузории соати тарбиявию сиёсӣ масъалаҳои маърифати молиявӣ, нақши шарикони рушд дар пешбурди иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва истифодабарии самараноки он, моҳият ва ҳадафҳои раванди саноатикунонии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар ҳамин доира номзади илмҳои иқтисодӣ Давлатов Хуршед баромад намуда, иброз дошт, ки садаи нав густариши маърифати молиявиро ҳамчун василаи беҳдошти раванди иҷтимоии зиндагии башарият пазируфтааст. Бо вусъатдиҳии маърифати молиявии худ инсоният метавонад василаҳои муассиру созгор ва муфидро барои дарёфти муваффақияту соҳиби моликият гардидани хеш дарёбад, ки маҷмӯан чузъе аз манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеаву давлат мебошад.
Роҳандозии соатҳои тарбиявию сиёсӣ бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шудааст, ки ҳадаф аз он ташаккули неруи ахлоқиву маънавӣ, ҳуқуқиву сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва истифодаи самараноку манфиатбахши вақти донишҷӯён мебошад.
Холмуродов Худойдод-мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ