Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯдухтарон муваззаф гардиданд

Донишҷӯдухтарон муваззаф гардиданд

Санаи 11-уми феврали соли равон дар толори бинои таълимии №2 ҷаласаи васеи донишҷӯдухтарони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар он декани факултет Муқимов Қ.М., эдвайзер оид ба тарбия Давлатова М.Д. ва эдвайзерони таълим Давлатов Ф., Сатторов Б.А. иштирок доштанд. 
Сараввал декани факултет суханронӣ намуда, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро ба донишҷӯдухтарон хотиррасон намуда, баъдан оид ба ҷамъбасти сессияи зимистона ва иштироки онҳо ба дарсҳо гуфта гузашт. Мавсуф дар бораи мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъолшавии бонувонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ёдрас шуда, аз духтарон илмомӯзию сайқалдиҳии донишу малакаро тақозо намуд. 
Баъдан эдвайзер оид ба тарбияи факултет Давлатова М.Д. баромад намуда, дар бораи риоя намудани фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи (истифода набурдани телефонҳои мобилӣ, ба бар намудани либосҳои миллӣ ва напӯшидани либосҳои бегона ва ғ.) ва рафтору кирдори донишҷӯдухтарон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, тарзи муоширати онҳо истода гузашт ва барои бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳои судманд дод. 
Инчунин, дар ҷаласаи мазкур бо пешниҳоди декани факултет маҳфили донишҷӯдухтарон таҳти унвони «Занҳои сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ» таъсис дода шуд, ки роҳбарии он ба зиммаи эдвайзер оид ба тарбия Давлатова М.Д. ва котиби он ба зиммаи сардори Шӯрои духтарони факултет Раҳмонова Манижа гузошта шуд. Мақсади баргузор намудани маҳфил маълумот гирифтан оид ба занҳое, ки дар самти сиёсат ва илм маъруфият доранд, мебошад. Маҳфил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баргузор гардида ба маҳфил меҳмонон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳо даъват карда мешаванд. Маҳфил моҳе як маротиба гузаронида мешавад. 
Дар ҷамъбасти ҷаласа декани факултет ба донишҷудухтарон оид ба беҳтар кардани давомот, тарғиби либоси миллӣ ва сатҳи донишазхудкунии онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд дод. 


Эдвайзер оид ба тарбия Давлатова М.Д.