Хабарҳо
Аз Истиқлолияти миллӣ то «Уфуқҳои Истиқлол»
Баҳри баланд бардоштани маърифат ва ҳувияти миллӣ ва донишҳои таърихӣ-сиёсии донишҷӯён ва муаррифии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз 12 то 15 феврал таҳти унвони «Аз Истиқлолияти миллӣ то «Уфуқҳои Истиқлол»» дарси тарбиявӣ-сиёсӣ дар ДДМИТ баргузор мегардад, ки ташаббускори он раёсати корҳои тарбиявии таълимгоҳ мебошад. Мувофиқи нақшаи тартибдодашуда ҳамаи садорати факултаҳо муваззаф шудаанд, ки баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ иштироки ҳамаҷонибаи сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ва донишҷӯёнро таъмин намоянд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии сиёсӣ ин нигоҳе ба замони нахустистиқлолӣ ва муаррифии китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» мебошад.
Рӯзи 12 феврал дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дарси сиёсиро Давлатзода Абдулло гузаронида, донишҷӯёнро бо мазмуну мундариҷаи китоби мазкур ошно сохт.
Гуфта шуд, ки китоби нави Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии таҳқиқоти дар самти худшиносии миллӣ ва амалисозии ормонҳои миллии тоҷикон мебошад, ки он дастоварди муҳим ва нотакрори илмию сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мегардад.
Китоби тозанашри «Уфуқҳои Истиқлол» аз сарсухан, панҷ боб ва охирсухан иборат аст, ки масоили эҳё шудани давлати миллӣ ва таҳкими он, рушди иқтисоди кишвар ва дурнамои стратегии он, сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои он, фарҳанг, забони давлатӣ, идораи давлатии замони Истиқлолият, мақоми зан дар ҷомеаи муосир, озодии виҷдон, танзими анъанаҳои миллӣ, озодии баён ва рушди матбуоти миллӣ, таъмини амнияти миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷиро фаро гирифтааст.
Н.Раҳимзода