Хабарҳо
Соати тарбиявӣ-сиёсӣ: ҷаҳоне пур аз маънӣ
Санаи 13-уми феврали соли 2019 дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ, ки бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ мавриди амал қарор дорад, дар факултети иқтисод ва бизнес соати тарбиявӣ-сиёсӣ зери унвони «Аз Истиқлолияти миллӣ то «Уфуқҳои истиқлол» доир гардид.
Зимни баргузории соати тарбиявӣ-сиёсӣ декани факулта Эмомалӣ Шералиев суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву низомии ҷаҳони имрӯз рӯ овардан ба ҳимояи арзишҳои истиқлолияти миллӣ масъулияти ҳар як фарди худогоҳ ва ниҳодҳои пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешавад. Бо ба инобат гирифтани ҳамин мақсад, имрӯз раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ибтикор намудааст, ки баргузории дарси тарбиявӣ-сиёсиро перомуни мавзӯи «Аз Истиқлолияти миллӣ то «Уфуқҳои истиқлол» роҳандозӣ созад. Зимни баргузории соати тарбиявию сиёсӣ масъалаҳои муҳимми расидан ба истиқлолияти миллӣ ва нигоҳдошти он дар ин марҳилаи мураккаби таърихӣ барои Тоҷикистон, ҳамзамон масъалаҳое, ки дар китоби тозанашри Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» таҳлил гардидаанд, мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Мавсуф дарҷ кард, ки расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ормоне буд, ки миллати тоҷик ҳазорсолаҳо дар руҳу хотироташон мепарвариданд ва он, хушбахтона, амалӣ гардид ва бо сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон давлатдории тоҷикон эҳё шуд.
Идомаи баргузории соати тарбиявӣ-сиёсӣ фарогири масъалаҳои истиқлолияти иқтисодӣ буда, дар он коршиноси масоили иқтисодӣ Қадриддини Қамариддин оид ба дастовардҳои бузурги иқтисодии кишвар суханронӣ намуд.
Дар анҷом байни донишҷӯён ва устодон саволу ҷавоб сурат гирифт.
Икромов Н. М., сармутахассиси раёсати тарбия