Хабарҳо
Маҳфили «Дар оинаи рӯз» бо профессор Ғуломҷон Мирзоев
Шоми 11 феврали соли 2019 маҳфили «Дар оинаи рӯз»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо баррасии мавзӯи «Ҳувияти миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ» донишҷӯёнро ба суҳбати профессор Fуломҷон Мирзоев овард. Зимни баргузории маҳфили мазкур аз ҷониби Мирзоев Ғ. бо ҷавонон мафҳумҳое, ба монанди «ҳувият», «миллат», «арзишҳои миллӣ», «ҷаҳонишавӣ» шарҳу тавзеҳ дода шуда, зарурати ташаккули дарки моҳияти онҳо дар замири ҷавонон муфассал баррасӣ гардид. Қайд карда шуд, ки асри нав бо густариши воситаҳои нави иттилоотӣ ва баландшавии талаботи иҷтимоию маишии инсоният суръати раванди ҷаҳонишавиро тезутунд намуд. Аммо ин зуҳурот то андозае ба ҷараёни бунёд ва нигоҳдошти давлатдории миллӣ метавонад таъсири манфии худро расонад. Дар чунин марҳила зарурате ба миён меояд, ки масъулон бобати ташаккули ҳувияту худшиносиву худогоҳии миллӣ дар замири ҷомеа, махсусан ҷавонон ибтикороти судбахшу самаранокро рӯи даст гиранд. Дар акси ҳол ҷаҳонишавӣ бо унсурҳои гуногуни худ метавонад воситаи ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани давлатҳо шавад.
Дар маҳфил масъалаҳои мавриди назар ҳамаҷониба шарҳу пайгирӣ ёфтанд. Ҳадаф аз интихоби мавзӯъ дар маҳфил ҷоннок намудани ҷаҳонбинии фарҳангию сиёсӣ ва ташаккули маърифати миллӣ дар замири ҷавонон маҳсуб мешавад.
Раҷабов Мақсуд-мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ