Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳлили сиёсати молиявии кишвар

Таҳлили сиёсати молиявии кишвар

Санаи 16-уми феврали соли ҷорӣ бо ибтикори кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз маҳфили илмии «Зеҳн» баргузор гардид. Дар маҳфил профессори кафедра Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Сиёсати молиявӣ ва муаммоҳои пешбурди он» баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои рушди сиёсати молиявию иқтисодӣ, рушди иқтисоди деҳот, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи савдо ибрози ақида намуд. 
- Сиёсати молиявӣ ин ҷамъи чорабиниҳо оид ба ташаккул ва истифодаи захираҳои молиявӣ барои таъмини иҷрои вазифаҳои давлат мебошад. Вазифаҳои давлат ва сиёсати молиявии он ин аз ташкили шароит барои ташаккули захираҳои молиявӣ, кам кардани вазни андоз, батанзимдарории уҳдадориҳои давлатӣ, истифодаи захираҳои молиявӣ барои ҳалли вазифаҳои афзалиятнок, кам кардани вобастагии даромадҳои буҷет аз тағйирёбии қурби пул ва нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ иборат мебошанд. – гуфт Ш.Раҳимзода. 
Инчунин мавсуф зимни баромад оид ба сиёсати иқтисодӣ ва вазифаҳои асосии он ибрози ақида намуда, ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодӣ такя карда, мушкилоти рушди иқтисодиётро дар деҳоти ҷумҳурӣ масъалаи муҳим ва ҳалталаб шуморид. 
Дар анҷоми маҳфил оид ба масъалаҳои рушд ва инкишофи истеҳсолот ва бароҳмонии низоми муосир дар соҳаи молиёт музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода