Хабарҳо
Духтарони ДДМИТ дар нахустин даври «Чакомаи гесу»
Донишҷӯдухтарони хушсалиқаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар нахустин даври фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу», ки санаи 9 феврали соли 2019 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид, бо нишон додани беҳтарин ҳунарҳои фарҳангии худ ширкат варзиданд.
Баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу», ки аз ҷониби кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳандозӣ гардидааст, иқдомест ҷиҳати ташаккули маърифати фарҳангиву зебоипарастӣ ва вусъат бахшидан ба ҷаҳонбинии миллию хештаншиносии ҷавондухтарон.
Бо нишон додани истеъдоди волои фарҳангии худ донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино сазовор гардида, ба даври шаҳрии ин фестивал роҳхат гирифтанд.
Абдуғафорзода Фирдавс-сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ