Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии фаъолияти ҳизбӣ дар «Молия ва иқтисод»

Баррасии фаъолияти ҳизбӣ дар «Молия ва иқтисод»

19 феврали соли равон дар донишгоҳ конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино баргузор гардид. Дар кори он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Заррина Файзуллозода ва аъзоёни ҲХДТ дар донишгоҳ иштирок намуданд. 
Тибқи рӯзномаи конференсия ҳисоботи Шукрулло Хайрзода, раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар соли 2018 шунида шуд. Номбурда дар бораи фаъолияти КИ ибтидоӣ маълумоти пурра дода, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ буда, садоқат ба ормонҳои халқ ва соҳибиродаву бомасъулият будан ду рукни асосии он мебошад. Аъзои ҲХДТ будан ин шараф ва ифтихор буда, танҳо шахсони масъулиятшиноси худогоҳ метавонанд ба он аъзо шаванд. Имсол шумораи аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби 80 нафар устоду донишҷӯи ватандӯсту фаъол дар донишгоҳ зиёд гардид ва дар умум 1385 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 415 нафар омӯзгор, 420 нафар занон мебошанд. Қариб 80% аъзоёни ҳизбро ҷавонон ташкил медиҳанд ва он муҳаррики асосии ҳизб маҳсуб мегардад, гуфт ректор. 
Maj_h4001.jpgДар идома ректор дар бораи корҳои анҷомдодаи КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ ва иштироки он дар маъракаҳои сиёсӣ истода гузашта, соли сипаригардидаро дар андухтани малакаву маҳорати корҳои ҳизбӣ, таҳкими интизоми ҳизбӣ ва вусъати корҳои ободонӣ назаррас хонд. Гуфта шуд, ки аъзоёни ҳизб дар самти роҳандозии ҳадафҳои барномавӣ, иҷрои вазифаҳои ҳизбӣ дар самти баланд бардоштани эътибори ҳизб дар ҷомеа ва тақвияти донишҳои сиёсию маънавӣ, масъулиятшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва худшиносии ҷавонон дар таълимгоҳ як қатор тадбирҳо андешида, фаъол мебошанд. 
Дар музокираи ҳисоботи мазкур Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм ва Асадулло Муллоҷонов, дотсенти кафедраи гуманитарӣ баромад карда, фаъолияти яксолаи КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо муҳимияти ҳадафҳои ҳизбро мардум дуруст дарк намудаанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳизб ва тарафдорони он тавассути амалисозии барномаи ҳизб ормонҳои худро амалӣ месозанд. 
Аз ин рӯ, ҳадафи асосии мо ин боз ҳам баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа ва дар меҳвари худ гирд овардани қувваҳои солимфикр, тақвияти корҳои идеологию сиёсӣ, мусоидат намудан дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон, таблиғи ғояҳои ҳизб дар байни ҷавонону насли наврас ва сафарбар намудани онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошад, таъкид намуданд баромадкунандагон. 
Баъдан аз рӯи масъалаи дуюм чанд нафар роҳбари ташкилоти ибтидоии КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон бозхонд карда шуда, ба ҷойи онҳо нафарони дигар интихоб гардиданд. 
Дар конференсияи ҳисоботӣ-интихоботи инчунин Файзуллозода З. баромад карда, дар ҳошияи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси КИ марказии ҲХДТ афзуд, ки ҳар як узви ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона, тақвият бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ минбаъд низ саҳми босазои худро бояд гузорад. 
Сипас ба чанд нафар устоди донишгоҳ, аз ҷумла Хоҷаев Д., Бобоев Ҷ., Шодиев К., Сафаров М. Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва ба шахсони тоза ба сафи ҲХДТ шомилшуда дафтарчаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд. 
Дар анҷом, доир ба масъалаҳои матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. 


Машҳура Абдуллоева