Хабарҳо
Идоракунии низоми буҷети давлатӣ
Санаи 20 феврали соли равон дар кафедраи менеҷменти молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ маҳфили навбатии «Зеҳн» баргузор гардид. Дар маҳфил мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шавкат Ҷӯраев дар мавзӯи «Идоракунии низоми буҷети давлатӣ» баромад намуд. Мавсуф зимни баромад оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», андоз ва даромадҳо, ҳароҷотҳо ва сохтори буҷети давлатӣ маълумот дод.
Сарчашмаи асосии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз мебошад. Бинобар ин 75%-и даромади буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2018 андоз ташкид дод, ки ин нишондиҳандаи баланд аст. Ҳамасола аз ҷониби Парлумони ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул мегардад, ки сиёсати хароҷоти буҷети давлатиро дар соҳаҳои гуногун идора ва муайян мекунад, – гуфт Ш. Ҷӯраев.
Ногуфта намонад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» 23 ноябри соли 2018 қабул гардид, ки дар он ҳаҷми ММД аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,6% ба маблағи 78,2 млрд. сомонӣ, меъёри таваррум 6,3% ва қурби миёнаи солонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 9,7 сомонӣ дар асоси дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудаанд.
Гуфта шуд, ки сиёсати хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2019 бо мақсади рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сифати некуаҳволии аҳолӣ, таъмини бехатарии давлат ва бехатарии озуқаворӣ, баланд бардоштани сифати таълиму хизматрасонӣ, беҳтар гардонидани саломатии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёти давлат равона карда шудааст.
Дар анҷоми маҳфил байни иштирокчиён ва баромадкунанда муҳокима ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Н.Раҳимзода