Хабарҳо
Маҳфили «Пайравони Пешвои Миллат» дар ДДМИТ
16 феврали соли 2019 дар доираи нақшаи муштараки раёсати тарбия ва кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзӯи «Нақши маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» дар ташаккули шахсияти ҷавонон» бо иштироки Маҳинабону Шарифова, роҳбари маҳфил доир гардид.
Семинарро Давлатзода Абдулло-сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ ифтитоҳ намуда, фаъолияти ин маҳфилро шарҳу тавзеҳ дод. Қайд гардид, ки маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» дар заминаи Клуби волонтёрон таъсис дода шудааст ва дар муддати кутоҳи фаъолияти худ доираи зиёди ҷавононро фаро гирифтааст. Он дар мадди аввал маърифати истифодабарии самараноки вақтро ба ҷавонон омӯзонида, сипас онҳоро дар доираи бахшҳои технологӣ, инноватсионӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ба ҳам оварда, бо иштироки шахсиятҳои варзидаву мутахассисони дорои таҷрибаи замонавӣ аз муассиртарин донишҳои самтҳои зикргардида баҳравар месозад. Инчунин, маҳфил ташаббускори аслии ҷалби ҷавонон ба нишасту ҳамоишҳо, семинару тренингҳо, мизҳои мудаввару конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Зимни суханронии худ Маҳинабону Шарифова баён дошт, ки паҳлуҳои фаъолияти маҳфил маҳдуд набуда, он гуногунсамтиро дар худ дорад ва ҳамин афзалият воситаи замонавикунонии маҳфил гардида, рӯз аз рӯз аъзоёни онро бисёртар месозад. Дар идомаи семинар дарҷ гардид, ки дар сурати нишон додани ташаббускории аъзоёни маҳфил онҳо аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дастгириҳои гуногун меёбанд.
Дар интиҳои семинар ташаббускорони он ба мувофиқа омаданд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат намояндагии маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ фаъолияти худро боз хоҳад кард, ки он метавонад барои фаъолноккунониву худмуаррифии донишҷӯён имкониятҳои мусоидро ба миён оварад.