Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Қувваҳои мусаллаҳ-артиши ҷавон, вале мавриди эътимод

Қувваҳои мусаллаҳ-артиши ҷавон, вале мавриди эътимод

- Суботу оромӣ дар раванди бунёду нигоҳдошти давлатдории миллӣ аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб шуда, он нишонаи бақои устувориву ғояҳои давлатсозист. Тайи чанд соли охир ҷаҳон ба як марҳилаи мудҳиши сиёсиву низоӣ рӯ ба рӯ гардида, ҳимояи амнияту осоиштагии давлатҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи давлатмардон қарор мегирад. Барои Тоҷикистони ҷавон ва дар ҳоли рушд, ки ҷиҳати ташаккул ва ба талаботи замон мувофиқ гардонидани субъектҳои давлатдорӣ, махсусан Қувваҳои Мусаллаҳи худ андешидани тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намуда истодаат, ҳимояи амнияту осоиштагии кишвар кори саҳл набуда, он масъулияти бузургро тақозо менамояд. Зеро Тоҷикистон дар минтақае ҷойгир аст, ки аз лиҳози геостратегӣ ва геосиёсӣ мавриди таваҷҷуҳи қудратҳои ҷаҳонӣ қарор дошта, аз сӯи дигар сарҳади тӯлонӣ миёни Тоҷикистон бо Афғонистони ҷангзада, ки бештар аз чаҳор даҳсола мешавад, макони набарди қудратҳои ҷаҳонӣ ва ҳузури созмону ҳаракатҳои иртиҷоию террористӣ гаштааст, тақозои онро менамояд, ки ба масъалаи таҳкими иқтидормандии Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи рузафзун равона карда шавад, - чунин баён дошт полковник Маҳмадзода Ҳайдар зимни баргузории соати тарбиявию сиёсӣ зери унвони «Қувваҳои Мусаллаҳ- сипари мавриди эътимоди миллату давлат», ки рӯзи 19 феврал дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид 
Ӯ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро артиши ҷавон, вале мавриди эътимод номид. Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ дар муддати кӯтоҳи ҳастии худ рисолати хешро анҷом дода, Тоҷикистонро ба як сарзамини амну субот табдил дод. 
Ёдовар мешавем, ки дарсҳои сиёсию тарбиявӣ ба таври ҳамешагӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки шахсиятҳои варзида ва фарогирии доираи зиёди донишҷӯён доир гардида, дар он мавзӯъҳои актуалӣ баррасӣ мегарданд. Ҳадаф аз роҳандозии иқдоми мазкур ташаккули ҷаҳонбинии сиёсиву ҳуқуқӣ ва густариши ҳисси худшиносиву худогоҳии донишҷӯён мебошад. 


Усмонов Усмонҷон