Хабарҳо
Артиши миллӣ-сипари боэътимоди ватан
- Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дорад. Қувваҳои Мусаллаҳ дар замоне таъсис ёфта буд, ки кишвар ба мушкилоти сангини сиёсиву низоӣ рӯ ба рӯ буд ва масъулияти аввалиндараҷа дар назди ин неру ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таъмини амнияту осоиштагии ҷумҳурӣ меистод. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар кӯтоҳтарин фурсат аз уҳдаи ин масъулияти худ баромада, Тоҷикистонро ба як сарзамини аз лиҳози амниятӣ дар мадди аввал расонад, баён намуд Меҳрангез Холова аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зимни ифтитоҳи баргузории мизи мудаввар, ки имрӯз, 20 феврали соли 2019, бо ибтикори раёсати тарбия ва кор бо ҷавонон дар мавзӯи «Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан» доир гардид.
Зимни баргузории мизи мудаввар Таҳмина Умаралиева, раиси Шӯрои бонувону духтарони донишгоҳ дарҷ намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи бақои устувории кишвар, сипари мавриди эътимод, неруи ҳифзкунандаи якпорчагии Тоҷикистон, кафили амнияти давлату миллат буда, аз таъсисёбии он 26 сол пур мешавад. Дар ин муддат Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нерӯи аз лиҳози ҳарбиву низомӣ обутобёфта табдил гардида, аз уҳдаи муқаддастарин масъулияти базиммадоштааш, ки ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон ва таъмини осоиштагии давлату миллат аст, сарбаландона мебарояд.
Дар идомаи мизи мудаввар Fафорзода Намуна, Абдуллоев Юсуфҷон, Ҳасанзода Фаррух, аъзоёни маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» вобаста ба мавзӯъҳои нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ, таърихи ташаккулёбӣ ва рушди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимоди миллату давлат маърӯзаҳо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мизи мудаввар дар доираи таҷлили 26 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст.
Холмуродов Худойдод-мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ