Хабарҳо
Таъсири фаъолияти соҳаи сайёҳӣ ба рушди иқтисоди кишвар
Рӯзи 21-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Фаъолияти соҳаи сайёҳӣ ва таъсири он ба рушди иқтисоди кишвар» гузаронида шуд.
Нахуст мудири кафедраи мазкур, номзади илмҳои иқтисодӣ Нилуфар Шомадова маҳфилро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз гузаронидани ин маҳфил беҳтарсозии савияи дониши донишҷӯён, ҷаҳонбинии илмию маънавии онҳо ва инчунин, пешниҳодҳо барои ҳалли як қатор мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт мебошад.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси идораи ҳайати кадрӣ А. Худоёрова ва Амирҳамзаи С., инчунин донишҷӯи ихтисоси иқтисод ва идоракунӣ дар корхонаҳои хурду миёна Н. Наимов бо маърӯза баромад намуданд.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки масъалаи рушди фаъолияти соҳаи сайёҳӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодии мамлакат дар ҷумҳурии мо яке масъалаҳои актуалӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки сол то сол аз ҷониби Ҳукумати кишвар оид ба ин шакли фаъолият имтиёзҳо ва дастгириҳои зиёди гуногун пешниҳод ва мавриди амал қарор мегиранд. Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, соли 2018 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардида, мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ, махсусан «ВВС» (Британияи Кабир соли 2012) дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон ва соли 2016 аз рӯи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дуюмин кишваре, ки соҳаи сайёҳиаш дар ҳоли рушд қарор дорад, ворид гардидааст.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки соли 2017 беш аз 430 ҳазор нафар сайёҳ аз 113 мамлакати ҳориҷӣ аз Тоҷикистон дидан карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 86 ҳазор нафар зиёд мебошад. Шумораи сайёҳон дар се соли охир қариб ду маротиба афзоиш ёфтааст.
Р. Қаландаров, роҳбари МИД-и кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ