Хабарҳо
Авиатсияи гражданӣ ва саҳми он дар рушди иқтисодиёт
Маҳфили навбатии «Коршиноси иқтисодӣ», ки 23-юми феврал доир гардид, ба мавзӯи «Саҳми авиатсияи гражданӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ» бахшида шуд. Ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳамагонро ба муносибати 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик намуд. Зикр сохт, ки авиатсия пайвандгари тамаддунҳо буда, саҳми он дар рушди иқтисодиёти кишвар калидӣ маҳсуб мегардад. Сипас меҳмони маҳфил- номзади илмҳои иқтисодӣ, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода вобаста ба мавзӯи матраҳшудаи маҳфил баромад намуд.
Субҳонзода Икром нахуст ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуда, иброз намуд, ки Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон имрӯз ҳамчун муассисаи намунавии олии таълимӣ на танҳо дар ҳудуди кишвар, инчунин дар хориҷ низ обрӯ ва нуфуз пайдо намудааст. Дар робита ба саҳми авиатсияи гражданӣ дар иқтисодиёт изҳор дошт, ки мақсади асосии ташкили ин агентӣ низ барои рушду такони ҷиддии соҳа равона гардидааст. Саҳми ин соҳа дар ғанӣ гардонидани буҷети кишвар хеле назаррас мебошад. Ҳукумати кишвар низ барои рушди соҳаи ҳавонавардӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Зеро, рушди ин соҳа ба рушди соҳаҳои дигар, бахусус сайёҳӣ низ мусоидат менамояд. Фурудгоҳҳо дарвозаҳои ҳавоии кишвар ба ҳисоб мераванд ва дар кишвар чор фурудгоҳи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар фаъолият мебаранд. Инчунин 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ - «Тоҷик эйр», «Сомон Эйр» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» барои рушди соҳаи мазкур тадбирҳо меандешанд.
Мавсуф дар бораи фаъолияти назарраси ин ниҳод сухан карда, афзуд, ки соли 2017 2 миллиону 15 ҳазор мусофир тавассути фурудгоҳҳои кишвар интиқол дода шуданд ва ин рақам дар соли 2018 беш аз 2 миллиону 50 ҳазорро ташкил дод. Ҳар ҳафта беш аз 150 парвози мунтазам аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон сурат мегиранд. Соли гузашта дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали махсуси боркашонӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар таърихи 94-солаи авиатсияи граждании Тоҷикистон воқеаи нодир ба ҳисоб меравад. Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон воқеан ҳам ба кишвари транзитӣ табдил ёфта, ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсири назаррас расонад.
Дар фарҷом байни маърӯзачӣ ва иштирокчиён музокираҳо сурат гирифт.
Насрулло Тӯйчизода