Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Волейболбозони факултети молия ва қарз соҳиби Ҷом

Волейболбозони факултети молия ва қарз соҳиби Ҷом

Аз 15 то 20 феврали соли равон бахшида ба таҷлили 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори раёсати тарбия ва кор бо ҷавонон дар ҳамбастагӣ бо кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи граждании Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон миёни дастаҳои варзишии факултетҳо мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол барои дарёфти «Ҷоми 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар мусобиқа шаш дастаи варзишӣ ширкат варзида, бо ҳам рақобат намуданд. 
Дастаҳои варзишгарони факултетҳои молия ва қарз ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар даври ниҳоӣ бо ҳам вохӯрданд. Дар ин давр волейболбозони факултети молия ва қарз бо касби 3 бар як дастаи варзишгарони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалиро мағлуб намуда, сазовори Ҷом гардиданд. 


Фаридун Саидов - сардори шуъбаи кор бо ҷавонон