Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Қувваҳои мусаллаҳ сипари боэътимод

Қувваҳои мусаллаҳ сипари боэътимод

Санаи 22 феврали соли ҷорӣ дар факултети ҳисобдорӣ ва омор бахшида ба истиқболи 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи устодону кормандони факултет баргузор гардид. Ҷаласаро декани факултет н.и.и., дотсент Баҳодур Ҷурахонзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бон ин сана муборакбод намуд. 
Мавсуф дар суханрониаш иброз дошт, ки амну осоиштагӣ яке аз арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад ва Артиши миллӣ барои нигоҳдории он шабу рӯз хидмат менамояд. Дар ин радиф мо зиёиёнро зарур аст, ки барои бардавом нигоҳ доштани амнияти мамлакат саҳмгузор бошем. 
Баъдан С.Маъдиев, М.Буриева, М.Садриддинов, И.Фасеҳзода, Н.Умаров ва З.Раҳимов баромад намуда, иброз доштанд, ки бо шарофати амну осоиштагии кишвар мо, устодон имконият пайдо намудем, ки дар пешрафти соҳаи маориф ва илм саҳмгузор бошем. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки кадрҳои бадандихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазирро омода ва ҷавонони дорои мафкураи солимро тарбия намоем. 


Раҷабалӣ Саидов, муовини декан оид ба илми факултет