Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Артиши миллӣ таъминкунандаи амнияти кишвар

Артиши миллӣ таъминкунандаи амнияти кишвар

Бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврал дар донишгоҳ бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Сипари боэътимоди Ватан» чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Он бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Сипас ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода ҳамагонро ба муносибати ин иди фархунда муборакбод гуфт. Номбурда қайд намуд, ки мо шоҳидем, ки бидуни ҳимоя ва артиш ягон давлат ё миллате вуҷуд дошта наметавонад. Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистон бо Артиш ва Қувваҳои мусаллаҳи худ, ки воқеан ҳам пуриқтидор аст, ифтихор мекунад. Имрӯз артиши мо таъминкунандаи амнияти ҳар мост. Фаъолияти ниҳодҳои кудратӣ, аз ҷумла Вазорати мудофиа хеле хуб ба роҳ монда шуда, қисми зиёди кормандонашро мутахассисони тахассуси олидор ташкил медиҳанд. Тоҷикистон дар самти тақвиятбахшии ин ниҳод ва омодакунии кадрҳои ҳарбӣ бо 50 кишвари хориҷӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ монда, аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта меомӯзад. Ғамхориҳои Ҳукумати кишвар низ дар ин росто пайваста эҳсос мешавад, гуфт ректор. 
Дар идома мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол, ки ба ифтихори ин ҷашн баргузор гардида буд, ҷамъбаст гардид ва ба ғолибони он ректор ифтихорномаҳои таъсиснамудаи раёсати донишгоҳро супорид. Ҳамин тариқ, ҷои якум насиби факултети молия ва қарз, ҷои дуюм насиби факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ гашта, ба ҷойи сеюм варзишгарони факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт сазовор шуданд. 
Инчунин, бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор устодону кормандони донишгоҳро бо Ифтихорнома сарфароз гардонид. Онро дар вазъияти тантанавӣ ректори донишгоҳ ва намояндаи Вазорати мудофиаи ҶТ ба Диловар Муродов, Бекмурод Раҷабов, Фаридулло Убайдуллоев, Асадулло Наҷмиддинов, Ҷӯрамурод Маҳмадназаров, Зуҳайлия Махсудшоева, Акмал Оймаҳмадов, Камолиддин Зарипов, Бахтиёр Саидов, Фурқат Раҳматов, Абдулло Давлатзода тақдим намуданд. Инчунин намояндаи қисми ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия ба ректори донишгоҳ Ш. Хайрзода барои ҳамкориҳои судманд Сипоснома супорид. 
Бахши фарҳанги донишгоҳ бо роҳбарии Ҷ. Маҳмадназар чун ҳамеша дастагули рангини фарҳангиро, ки фарогири шеъру суруд, рақсу тарона ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ буданд, баҳри болидарӯҳии тамошобинон пешниҳод намуданд. Боиси қайд аст, ки қисми зиёди донишҷӯёни боистеъдоди бахши фарҳанг муҳассилини курсҳои аввал буда, ҳунари онҳо аз ҷониби меҳмонон самимона пазироӣ ва ба баҳои баланд сазовор шуд. 
Дар охир ректори донишгоҳ сухани карда, барои дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас дод. Ҳамин тариқ, чорабинӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ ба фарҷом расид. 


Насрулло Тӯйчизода