Хабарҳо
Артиши миллӣ - сипоҳи амнияти миллат
Санаи 22 феврали соли ҷорӣ бахшида ба таҷлили 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ чорабинии илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ зери унвони «Артиши миллӣ- сипоҳи амнияти миллат» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, Муқимов Қ.М., декани факултет ва Давлатзода А., сардори раёсати корҳои тарбиявӣ бо маърӯзаҳои худ вобаста ба таъсисёбӣ, фаъолият ва мавқеи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Дар маърӯзаҳо баромадкунандагон вобаста ба рушду нумуи Артиши миллӣ дар даврони истиқлолият ва саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсису бунёди Қувваҳои мусаллаҳ қайд карда гузаштанд. Қ.Муқимов зимни баромад зикр намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи бузургест, ки амнияту осоиштагии мардумро таъмин намуда, кафили сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Артиши миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз озмоишҳои шадид гузашта, имрӯз ба яке аз неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтааст ва баҳри ҳифзи боэътимоди марзу буми кишвари маҳбубамон собитқадамона рушду такомул меёбад.
Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати кишвар барои таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳсозии заминаи моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд.
Дар баромади худ сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А.Давлатзода қайд кард, ки имрӯз вазифаи ҳар яки мо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва риояи тартиботи дохилии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар баробари хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо вазифадорем, ки дар садоқат ба Ватан, меҳру муҳаббат ба арзишҳои волои давлату миллат ва тарбияи насли наврас саҳмгузор бошем.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дастаи фарҳангии факултет бо баромади ҷолиби худ аҳли нишастро рӯҳияи дигар бахшиданд. Дар барномаи фарҳангии донишҷӯён меҳру муҳаббат, садоқат ва ҳифзи шаъну шарафи Ватан баръало ҳис мешуд.
Дар охир барои баромади сатҳи олии донишҷӯён Ифтихорномаи садорати факултет ба роҳбари дастаи фарҳангӣ тақдим гардид.
М. Давлатова, эдвайзер оид ба тарбия