Хабарҳо
Вохӯрӣ бо дастаи олимпӣ
Санаи 25 феврали соли равон раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ бо мақсади ташаккули афкори солим, баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён ба илмомӯзӣ, рушди қобилияти зеҳнии донишҷӯён, дарёфти чеҳраҳои лаёқатманд ва иштироки фаъолонаи донишҷӯёни ДДМИТ дар олимпиадаҳои сатҳи гуногун бо аъзоёни дастаи олимпии донишгоҳ, ки дар даврҳои 1,2-юми олимпиадаи дохилидонишгоҳӣ ғолиб омаданд, вохурӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба илм Сафаров Б.Г., сардори раёсати илм ва инноватсия Хоҷаев Д.К., роҳбарони илмии донишҷӯён ва донишҷӯёни ғолиб иштирок доштанд.
Гуфта шуд, ки роҳбарони донишҷӯёнро зарур аст, ки бо донишҷӯён ҷиддӣ кор бурда, шахсони лаёқатмандро интихоб ва ҷиҳати ширкат варзидан дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода намоянд.
Ногуфта намонад, ки ҳамасола моҳи март дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи 13 фан (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) барои дарёфти ҷоизаи “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор мегардад. Ҳамасола донишҷӯёни ДДМИТ дар олимпиадаи мазкур ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд. Соли ҷорӣ низ иштироки донишҷӯёни ДДМИТ дар олимпиадаи мазкур ба роҳ монда шуда, боварӣ аст, ки ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.