Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамгироии иқтисодии байналхалқӣ

Ҳамгироии иқтисодии байналхалқӣ

Санаи 26 феврали соли ҷорӣ дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналхалқии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Ҳамгироии иқтисодии байналхалқӣ дар замони муосир» баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни курси 3, ихтисоси иқтисоди ҷаҳон Фарзона Мамадсаидова дар мавзӯи «Основные понятия экономической интеграции», Шарипов Хушбахт дар мавзӯи “Моҳият, шаклҳо ва нақши интегратсияи байналхалқии иқтисодӣ дар муносибатҳои иқтисодии байналмилалии муосир” ва Макнуна Давлатзода дар мавзӯи “North American free trade agreement (NAFTA)” баромад намуданд. Зимни баромад донишҷӯён оид ба мафҳуми ҳамгироии иқтисодӣ ва равандҳои он, ҷаҳонишавии хоҷагии ҷаҳонӣ, тақвиятёбии тақсимоти байналхалқии меҳнат, табаддулоти умумиҷаҳонии илмӣ-техникӣ ва баланд будани сатҳи кушодии иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир маълумот доданд. 
Инчунин қайд карда шуд, ки интегратсияи иқтисодӣ ин раванди иқтисодии мутақобилаи давлатҳо, ки ба наздикшавии механизмҳои хоҷагидорӣ меоварад ва шакли созишномаи байнидавлатиро қабул карда, аз тарафи мақомотҳои муттаҳидаи байнидавлатӣ танзим карда мешавад. Равандҳои ҳамгироӣ ба тараққиёти иқтисодиёти минтақавӣ меоварад, ки дар натиҷаи он гурӯҳи давлатҳои алоҳида байни худ шароитҳои мусоидро барои тиҷорат ва дар баъзе ҳолатҳо барои ҳаракати байни минтақавии омилҳои истеҳсолот фароҳам меоваранд. 
Дар замони муосир бинобар рушд ва тараққиёти ҳамгироии иқтисодӣ байни кишварҳои ҷаҳон иқтисоди ҷаҳон рӯ ба инкишоф аст. Дар анҷом байни иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода