Хабарҳо
Машқи пагоҳирӯзӣ ва шанбегӣ дар факултети МИБ
Рӯзи 24 феврали соли равон бо ташаббуси факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар назди хобгоҳи №1 машқи пагоҳирӯзӣ ташкил карда шуд. Дар он донишҷӯён иштирок карда, ба тарбияи бадан машғул шуданд.
Сипас баҳри тозаву озода кардани гирду атрофи донишгоҳ шанбегӣ роҳандозӣ гардид. Дар он зиёда аз 50 нафар устоду донишҷӯи факултет иштирок карда, гирди хобгоҳи №1-и таълимгоҳро тоза карданд. Инчунин атрофи дарахтонро нарм карда, заминҳоро побел намуданд ва ҷӯйборҳоро тоза карданд.
Бояд гуфт, ки бо омад-омади фасли баҳорон ва оғози мавсими кишту кор дар донишгоҳ шанбегиҳо мунтазам ташкил ва гузаронида мешаванд, ки барои сарсабзу хуррамгардонии саҳни таълимгоҳ мусоидат намуда, дар баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ мусоидат менамояд.
Давлатова М., эдвайзер оид ба тарбияи факултети МИБ