Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии сиёсати монетарӣ дар «Муҳаққиқони ҷавон»

Баррасии сиёсати монетарӣ дар «Муҳаққиқони ҷавон»

Санаи 25 феврали соли равон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия семинари доимоамалкунандаи умумидонишгоҳии «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзӯи «Сиёсати монетарӣ дар иқтисоди муосир» бахшида ба Солҳои рушди дехот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) баргузор гардид. 
Дар кори семинар муаллими калони кафедраи омор Холов Рустам вобаста ба раванди монетизатсиякунонии иқтисодиёти миллӣ баромад карда, қайд намуд, ки раванди мазкури иқтисодӣ на танҳо сатҳи таъминнокии истеҳсолот ва муомилотро бо ҳаҷми (массаи) пул тавсиф менамояд, инчунин барои амалӣ гардонидани ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохт, ташаккули таносубҳо дар соҳаи сармоягузорӣ ва истеъмолот, инкишофи бозори молиявӣ ва умуман, барои таъмини суботи низоми молиявии мамлакат зарур мебошад. 
Инчунин қайд карда шуд, ки сатҳи пасандозҳо ва ҳаҷми қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ дар солҳои 2015-2017 рӯ ба коҳишёбӣ дорад. Суръати миёнасолонаи камшавии пасандоз ва қарзҳо дар давраи таҳлилшаванда 18,6 фоизро ташкил медиҳад. 
Дар ҷамъбасти семинар иштирокчиён ба маърӯзакунанда саволҳо дода, дар музокира ширкат варзиданд. 


Илҳом Сафаров