Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Онлайн-конференсияи байналмилалӣ дар ДДМИТ

Онлайн-конференсияи байналмилалӣ дар ДДМИТ

Санаи 26-уми феврали соли ҷорӣ дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт онлайн-конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Технологияи рақамӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Россия» бахшида ба 100-солагии Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар онлайн-конференсия унвонҷӯи кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ Д.С.Насков дар мавзӯи «Суғуртаи иҷтимоӣ дар сохтори иқтисодиёти рақамӣ» баромад намуда, оид ба нафақа ва суғуртаи иҷтимоии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иқтисодиёти рақамӣ ва ҳукумати электронӣ маълумот дод. Номбурда, инчунин зимни баромад таъкид дошт, ки нақши технологияҳои иттилоотӣ дар ҳалли масъалаҳои нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ муҳим аст, зеро ҳисобкунии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ барои тамоми аҳолӣ хеле мураккаб аст. Дар баробари ин ҳамаи қонун ва қоидаҳои аз тарафи давлат оид ба технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ қабулшуда дар тамоми фаъолияти муассисаҳо ва соҳаҳои хоҷагии халқ бояд татбиқ карда шаванд. 
Бинобар ин, барои ин гуна проблемаҳо бояд дар оянда системаи ягонаи иттилоотӣ ташкил карда шавад, ки фаъолияти кори ширкати нафақа ва суғуртаи иҷтимоиро осон намояд. Ҳамоно имрӯз маблағи калон барои татбиқи технологияҳои иттилоотӣ лозим аст. Ба ғайр аз ин, аҳолиро барои истифода бурдани технологияҳои ҳозиразамон тайёр кардан лозим аст, яъне фарҳанги истифодаи технологияҳои иттилоотиро боз ҳам васеъ ба роҳ мондан лозим аст. 
Konf_TII4001.jpgСипас дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва молияи филиали Донишгоҳи молияи Урали Федератсияи Россия А.В. Дубынина дар мавзӯи “Ҷанбаҳои назариявии “Индустрияи 4.0”” баромад намуд. А.В. Дубынина қайд намуд, ки айни замон дар арафаи амалигардонии соҳаи саноатии кишвар дар доираи иқтисодиёти рақамӣ қарор дорад. Тамоми зерсохторҳои соҳаи саноат кору фаъолияташонро дар доираи иқтисодиёти рақамӣ ба роҳ мондаанд. 
Сипас муаллимаи калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги филиали Донишгоҳи молияи Урали Федератсияи Россия Т.А. Барчукова дар мавзӯи “Нақши технологияи рақамӣ дар баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ (дар мисоли вилояти Челябинск)” баромад намуд. Номбурда зимни баромад қайд намуд, ки айни замон вилояти Челябински Федератсияи Россия фаъолияти идоракунии давлатию маҳаллӣ ва самаранокии онро дар доираи технологияи рақамӣ ба роҳ мондааст. 
Дар идомаи онлайн-конференсия донишҷӯи курси 3, ихтисоси логистикаи ДДМИТ Нозанин Хоҷаева дар мавзӯи “Каналҳои фурӯши логистикӣ дар тиҷорати электронӣ”, дотсенти кафедраи менеҷмент ва молияи филиали Донишгоҳи молияи Урали Федератсияи Россия Д.Н. Бекеева дар мавзӯи “Методикаи баҳодиҳии бехатарии иқтисодӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ”, устодони ДДМИТ А.М.Наҷмиддинов дар мавзӯи “Формирование электронного образовательного пространства университета–проблемы и перспективы”, Ф.Мирзоахмедов дар мавзӯи “Аналитический обзор развития цифровой экономики зарубежом и в Таджикистане”, У.М.Воҳидов дар мавзӯи “Публичные закупки в условиях цифровой экономики” ва Д.Усмонов дар мавзӯи “Web-сайт как основной инструмент электронной коммерции” баромад намуданд. 
Дар музокира профессор Ф.Мирзоахмедов иштирок намуда, нақши технологияҳои иттилоотиро дар ҳалли масъалаҳои тамоми соҳаҳо, ба монанди иқтисодиёт ва молиёт хеле муҳим арзёбӣ карда, доир ба хусусиятҳои хоси ҳукумати электронӣ маълумот дод ва муҳимияти онро дар ҳалли мушкилоти ҷамъияти имрӯза хеле муҳим донист. 


Наҷмиддинов А.М., мудири кафедраи ММИ 
Воҳидов У.М., котиби илмӣ