Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сухане аз олами маонӣ ва фарҳанги воло

Сухане аз олами маонӣ ва фарҳанги воло

Зери ҳамин унвон 22 феврали соли 2019 бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявӣ ва ширкати Рудоба Мукаррамова – муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Муҳаббат Одинабекова- намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нишасти фарҳангиву маънавӣ доир гардид. 
Ҳамоишро Давлатзода Абдулло, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ ифтитоҳ намуда, баён дошт, ки дар замоне ки ҷаҳон ба як мушкилии нангини низоӣ рӯ ба рӯ гардида, ҷуғрофияи ноамниҳо торафт васеъ мешавад, ҳимояи фарҳанги маънавии миллӣ аз масъалаҳои калидии фаъолияти сохторҳои кори ғоявӣ маҳсуб мешавад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои асосии пайвастшавии ҷомеа, ба хусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву террористӣ ин сатҳи пасти маърифати маънавии онҳо мебошад. 
Дар ҳамин замина Муҳаббат Одинабекова баён дошт, ки ҷиҳати амалисозии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати густариши нақши зан дар ҷомеа беш аз пеш чораҳои мушаххаси фаъолноккунониву худташаккулдиҳии занону духтарон андешидаву амалӣ карда мешаванд. Ҳамин аст, ки солҳои охир шумори занони фаъолияткунанда дар сохторҳои пешбарандаи ҷомеа, махсусан занону духтарони роҳбар густариш ёфта истодааст. 
Ҳамчунин, зимни ин нишаст Рудоба Мукаррамова бо баёни абёти ваҳдатсолору сулҳофари худ ҷавононро ба ҷаҳони ҳувияту худшиносии миллӣ талқин намуд. 
Дар интиҳои ҳамоиш суҳбату муколамаи озод сурат гирифт. 


Таҳмина Умаралиева, раиси Шӯрои бонувону донишҷӯдухтарони донишгоҳ