Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳлили масъалаҳои иқтисодӣ дар Паём

Таҳлили масъалаҳои иқтисодӣ дар Паём

Маҳфили навбатии «Фарҳангдӯст», ки пайваста бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ доир мегардад, ин навбат ба мавзӯи «Масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуд. Онро профессори кафедра Ғ. Мирзоев ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ин навбат низ Пешвои миллат дар Паёми хеш ба масъалаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ дахл карда, самтҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии кишварро таҳлили ҳамаҷониба намуданд ва дар маҳфили имрӯза ҷиҳатҳои иқтисодии он мавриди таҳлил қарор мегирад. 
Сипас, доир ба мавзӯи матраҳшуда Манучеҳр Садриддинов- мудири кафедраи аудит ва ревизияи донишгоҳ маърӯза намуд. 
Чӣ тавре, ки номбурда афзуд, дар Паёми хеш Президенти кишвар иброз намуданд, ки соли 2018 барои ҷумҳурии мо соли таърихӣ ва хотирмон буд. Дар ин сол се воқеаи муҳими таърихӣ, аз қабили расман оғоз шудани «Даҳсолаи байналмилалии амал- Об барои рушди устувор», ба истифода дода шудани аввалин агрегати НБО «Роғун» ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мисол шуда метавонад. Ин воқеаҳо, бешубҳа, дар рушди иқтисодиёти кишвар таъсири назаррас доранд. 
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори кишварҳои тараққикарда шомил буда, аз рӯи нишондодҳои асосӣ дар кулли самтҳо беҳбудӣ эҳсос мегардад. Коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, афзудани музди меҳнат ва даромаднокии аҳолӣ, ҳисоби миёнаи дарозумрӣ гувоҳи ин гуфтаҳост ва нишондодҳои онро барои соли 2019 муҳаққиқ пешгӯӣ кард. 
Дар охир музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он устодони донишгоҳ ва иштирокчиёни маҳфил фаъолона ширкат намуданд. 


Насрулло Тӯйчизода