Хабарҳо
Вохӯрӣ бо намояндагони Институти “Ҷамъияти Кушода”
Санаи 27-уми феврали соли ҷорӣ дар ДДМИТ вохӯрии намояндагони шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо устодону унвонҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Зимни баргузории вохӯрӣ директори иҷроиявии шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Илҳом Абдуллоев вобаста ба татбиқи барномаи Стипендиявӣ, ки ҳамасола дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳуриии Тоҷикистон баргузор мегардад, маълумот дод. Ҳадафи барномаи асосии он фароҳам овардани имкониятҳо ба донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони академӣ баҳри такмил додани донишу таҷрибаашон дар донишгоҳҳои Аврупо ва Амрико дар соҳаҳои дахлдор мебошад. Барномаи мазкури Институти “Ҷамъияти Кушода” имсол барои устодони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар гузаронидани таҳқиқотҳои иҷтимоӣ аз рӯи аз рӯи фанҳои гуманитарӣ: ҳуқуқ, адлия ва идоракунии давлат, рушди устувор ва идоракунии захираҳои табиӣ, ҳуқуқи иқтисодӣ ва тавонмандсозии камбизоатон, тандурустии оммавӣ, корҳои иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа, қонун ва сиёсати расонаҳои хабарии ҷадид, таҳсилоти фарогир ва таҳқиқотҳои баъд аз низоъ ва ҳуқуқи башар озмун эълон намудааст.
Шабакаи байналмилалии Бунёдҳои Ҷамъияти Кушода аз тарафи Ҷорҷ Сорос, яке аз хайрхоҳони бонуфузи дунё, ки аз соли 1984 зиёда аз 32 миллиард доллари сарвати шахсии худро, ки дар бозорҳои молиявӣ ба даст овардааст, таъсис дода шудаанд. Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон қисми шабакаи байналмилалии Бунёдҳо ва яке аз Бунёдҳои миллии шабакаи Институти «Ҷамъияти Кушода» мебошад.
Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бори аввал дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 августи соли 1993 ва дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябри соли 1996 ба қайд гирифта шуд. Моҳи декабри соли 2007 ташкилоти мазкур дар Вазорати адлияи ҶТ ба ҳайси Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз нав сабти ном гардид. Ҳадафи стратегии Бунёд аз дастгирии рушд ва пешрафти равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон, ташкил ва инкишофи ҷомеаи демократӣ дар кишвар иборат мебошад.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ