Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муаммоҳои низоми идоракунии фаъолияти суғурта

Муаммоҳои низоми идоракунии фаъолияти суғурта

Санаи 23-уми феврали соли равон дар кафедраи суғуратаи факултети иқтисод ва бизнес маҳфили илмии донишҷӯён мавзӯи «Идоракунии хавфҳои суғуртавӣ дар замони муосир» баргузор гардид. 
Дар маҳфил Идрис Аминов мушовири директори ҶДММ «Суғуртаи аввалини миллӣ» дар мавзӯи «Муаммоҳои низоми идоракунии фаъолияти суғурта дар замони муосир» баромад намуда, оид ба дар замони муосир идоракунии хавфи суғуртавӣ маълумот дод. 
Номбурда зимни баромад оид ба пешгирии хафви суғуртавӣ дар равонди идоракунӣ маълумот дода, масъалаҳои муайян намудани оқибатҳои фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ дар ҳолати хавф, тадбирандешӣ намуда тавонистан ба оқибатҳои манфии имконпазири ин фаъолият, таҳия ва амалигардонии тадбирҳо оид ба кам намудани хавф, бартафсозӣ, маҳдудкунӣ ё ҷуброни оқибатҳои манфии эҳтимолии таъсир ба объекти суғуртавиро дар мадди аввал қарор дод. 
Инчунин зимни баргузории маҳфил вобаста ба мафҳуми маркетинг, ки низоми чорабиниҳо оид ба омӯхтани бозор ва таъсири фаъол ба талаботи истифодабарии суғурта бо мақсади васеъ намудани фурӯши мол ва хизматрасонии суғуртавӣ мебошад, музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 
Дар охир вобаста ба пешбурди соҳаи суруғта ва татбиқи он дар соҳаҳои гуногуни фаъолят аз ҷониби мутахассис ба донишҷӯён тавсияҳо дода шуд. 


Ш.Қурбонова, ассистенти кафедраи суғурта