Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тоҷикистон ба саноатишавӣ рӯ меорад

Тоҷикистон ба саноатишавӣ рӯ меорад

-Тадбиқи босамари баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ Тоҷикистонро ба марҳилаи нави инкишоф, раванди саноатикунонӣ, ки метавонад ҷиҳати табдил додани ин кишвар ба як қудрати иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат намояд, рӯ ба рӯ овард. Рӯ овардани Тоҷикистон ба марҳилаи саноатӣ тақозои ҷомеа дар зинаи нави инкишоф аст, - гуфт Саъдихуҷа Маъдиев, номзади илмҳои иқтисод, зимни баргузории соати тарбиявию сиёсӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон. 
Мавсуф баён дошт, ки ба кор андохтани агрегати якуми НБО «Роғун» иқтидори тавлиди энергияи барқро дар кишвар бештар аз ҳиссаи истифодашаванда оварда расонид ва аз сӯи дигар, имрӯз сохта ба истифода додани роҳҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро ба кишвари даҳлезӣ ва ё меҳвари тиҷорати бузурги байналхалқӣ табдил дода, ин имконот тақозо менамояд, ки раванди саноатикунонии кишвар аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мамлакат қарор гирад. Бо ба инобат гирифтани ҳамин бартарият Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон намуд. 
Татбиқи ин мақсад омили аз байн рафтани сатҳи камбизоатӣ, ҷалби шаҳрвандон ба шуғли доимӣ ва маоши баланд, вусъати иқтидори иқтисодии кишвар, густариши бозори тиҷоратӣ, васеъшавии истифодабарии иқтидорҳои мавҷуда ва маҷмӯан бунёди як кишвари аз лиҳози иқтисодӣ меҳварӣ расонидани Тоҷикистон аст. 
Зимни баргузории ин ҳамоиш Саъдихуҷа Маъдиев бо баёни далоили мушаххас бобати паҳлуҳои гуногуни бартарияти як кишвари саноатӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар сурати расидан ба як кишвари саноатӣ Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои калидии Осиё табдил хоҳад ёфт. 
Баргузории соатҳои тарбиявию сиёсӣ иқдоми ҷадиди раёсати тарбияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аст, ки он бо ҷалби доираи васеи донишҷӯён ва иштироки мутахассисони варзида доир гардида, масъалаҳои актуалии замон дар он мавриди баррасӣ қарор меёбанд. Ин навбат мавзӯи интихобшуда зери унвони «Моҳияти ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намудани саноатикунонии кишвар» ёд мешуд. 


Усмонҷон Усмонов, эдвайзер оид ба тарбияи факултети ҳисобдорӣ ва омор