Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Модар фариштаи хиёбони инсоният

Модар фариштаи хиёбони инсоният

- Хонаи торику аз меҳру муҳаббат дур, девори баланд, аммо бе сутун, шамъи фурӯзон, вале норавшан ин ҳама камбуд аз набудани Зан-модар дар оила мебошад, вале бо ҳастии Зан-модар хонаи торики мо равшан аст, меҳру муҳаббат ҳукмфармост ва сутуни мустаҳкаму нури илоҳӣ дар оилаву зиндагии мо барои ҳамешагӣ пойдорӣ дорад, - иброз намуд раиси Шӯрои бонувону донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Таҳмина Умаралиева зимни ифтитоҳи як ҳамоиш бахшида ба Рӯзи модар зери унвони «Модар - фариштаи хиёбони инсоният». 
Дар ҷараёни он Маҳина Шарипова, роҳбари маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рухшонабону Юнусова, мудири шуъбаи кор бо занону духтарони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Умеда Саидова, намояндаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Сино ва ҷавондухтарони фаъоли шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. 
Зимни баргузории ҳамоиши мазкур Давлатзода Абдулло, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ иброз намуд, ки Зан-модари тоҷик аз қадим то ба имрӯз бо асолати созандагиву бунёдкорӣ, хастанопазириву дурандешӣ ва фарҳангсолории худ шуҳратманду накуном гардида, ҳазорон фарзандонеро тақдими башарият намудааст, ки назару дидгоҳи онҳо ҷаҳонгир буда, дар ташаккули тамаддуни башарият саҳмгузорӣ намудаанд. 
M-bonuvon600.jpgНомбурда аз қаҳрамонзанони ниёгони миллати тоҷик, ба монанди Таҳминаву Пурон, Парвину Томарис, Гурдоварид ёдовар шуда, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои воқеии таърихӣ ном бурд ва баён дошт, ки таърихи ҳастии миллати тоҷик ҳазорон чунин нексиришту шуҷоатзанҳои худро ба оламиён расонидааст. 
Сипас, Маҳинабону Шарифова, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш роҳандозии ин ҳамоишро арҷгузории раёсати ДДМИТ ба ҳастии Зан-модар номида, иштирокдоронро бо фарорасии Рӯзи модар таҳният гуфт. Номбурда зимни суханронии худ зикр кард, то ба даст овардани истиқлолияти миллӣ Зан-модари тоҷик аз одитарин имкониятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ бархӯрдор набуда, ҷаҳони ҳуқуқҳои ӯ дар доираи маҳдуди қонунгузорӣ бунёд шуда буданд. Маҳз мустақилияти Тоҷикистон ба Зан-модари тоҷик истиқлоли ҳастиву зиндагониро тақдим кард. 
Зимни баромади хеш Рухшона Юнусова, мудири шуъбаи кор бо занону духтарони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино илова намуд, ки зани тоҷик аз қадим то имрӯз бо тарбияи фарзандони оқилу баодоб, таъмини муҳити орому обод дар хонавода, меҳмоннавозӣ ва бисёр хислатҳои ҳамидаи худ дар ҳақиқат машҳури олам аст ва тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридгори Зан-модар мебошад. 
Дар идомаи ҳамоиши мазкур Манижа Гулмадзода, гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Модар - фариштаи хиёбони инсоният», аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» дар донишгоҳ Саодат Комилова дар мавзӯи «Зан - ҷомеасоз», Меҳрангез Холова дар мавзӯи «Мавқеи занон дар раванди демократикунонии ҷомеа», Фаррух Бобомуродзода дар мавзӯи «Модар тулӯи офтоби зиндагонист», Намуна Fафорзода дар мавзӯи «Зан ва ҷомеаи миллӣ» маърӯзаҳо намуданд. 
Дар интиҳо муроҷиатномаи иштирокчиёни ҳамоиш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Намуна Fафорзода қироат карда шуд, ки дар он омадааст: «Мо, ҷавондухтарони ДДМИТ ва иштирокчиёни ҳамоиши имрӯза бо иродаи комили сиёсиву ҳуқуқӣ, фарҳангиву маънавӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар раванди татбиқи ҳадафҳои созандагиву бунёдкоронаи Шумо - Пешвои миллат ба ҳам омада, дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ чун пешоҳангони қавӣ ва пайравони асили Пешвои миллат саҳмгузорӣ хоҳем намуд». 


Худойдод Холмуродов, мутахассиси раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ