Хабарҳо
Баррасии низоми бонкдории мобилӣ
Бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз санаи 28-уми феврал маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни курси 4 - Шаҳбоз Мансуров ва Азиза Исроилзода дар мавзӯи “Масъалаҳои методологии бонкдории мобилӣ” баромад намуданд. Дар маҳфил, инчунин мутахассис аз ТАҚХ “Ҳумо”, мененҷер оид ба фурӯши маҳсулоти бонкӣ Фирдавс Раҷабов иштирок намуда, оид ба афзалиятҳои иҷтимоию иқтисодии бонкдории мобилӣ ва дар амал истифодабарии он дар низоми бонкдории замони муосир маълумоти мушаххас дод.
Зимни баргузории маҳфил Ф.Раҷабов оид ба низоми бонкдории мобилӣ дар бонкҳои ҷаҳонӣ ва ватанӣ дар мисоли низоми бонкдории мобилии ТАҲК “Ҳумо” тариқи онлайн ба ҳозирин тарзи истифода ва корбурд дар ин низомро нишон дод. Инчунин афзалияти пардохтҳои ғайринақдиро, ки имкони истифодабариашон онлайнӣ ва мобилӣ аст, қайд дошт.
Дар охир саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт.
Саидхуҷа Махшулов, муовини декан оид ба илми факултет