Хабарҳо
Дар олами китобу маонӣ
Ин маротиб зери ҳамин унвон шоми 27 феврали соли 2019 маҳфили «Дар оинаи рӯз»-и бахши хобгоҳҳои раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод Тоҷикистон доир гардид, ки дар он муҳимтарин асарҳои бадеӣ мавриди омӯзишу мутолиа қарор гирифтанд. Зимни баргузории маҳфили мазкур донишҷӯдухтарони хобгоҳҳои донишгоҳ фаро гирифта шуда, аз ҷониби онҳо сад китоби беҳтарин, роману повестҳо, достонҳо, очеркҳо, ба монанди «Чеҳраҳои мондагор», «Субҳи ҷавонии мо», «Духтари оташ», «Fурмагас», «Одина», «Fуломон», «Ёддоштҳо», «Замини падарон», «Духтаре, ки ҷустуҷӯяш мекардам», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Баъд аз сари падар», «Қиёмат», «Шоҳнома», «Футувватнома», «Сафарнома», «Ҷаҳони андешаҳои Абдурауф Фитрат», «Баҳористон», «Гулистон», «Бӯстон», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», «Тахти вожгун», «Ҷанг ва сулҳ», «Дар талоши ҳаёт», «Духтари капитан», «Мертвые души», «Доғистони ман», «Сармадеҳ», «Девори Хуросон» мутолиа карда шуданд. Маҳфил ба таври ҳамешагӣ роҳандозӣ гардида, дар он муҳимтарин масъалаҳо бозтобу пайгирӣ меёбанд.
Раҷабов Мақсуд-мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ