Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рушди ҳукумати электронӣ - талаботи замон

Рушди ҳукумати электронӣ - талаботи замон

1-уми март бо ташаббуси кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва амалигардонии барномаи давлатии ҳукумати электронӣ» баргузор гардид. Семинари илмӣ-амалиро муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар замони муосир иқтисодиётро бидуни истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Тавре зикр шуд, татбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар ин соҳа самти наверо ба миён овард, ки он иқтисодиёти рақамӣ мебошад. Имрӯзҳо, давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон аз ин самти нави иқтисодӣ сармояи назаррас ба даст меоранд. Бинобар ин мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотии донишгоҳро низ зарур аст, ки дар самти татбиқи технологияҳои муосир дар раванди иқтисодӣ корҳои-илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ монанд. 
Ҳамчунин дар кори семинар устоди кафедраи информатика ва системаҳои иттилоотии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон номзади илмҳои физика ва математика М.Қ. Арабов иштирок намуда, дар мавзӯи “Нақши имзои электронӣ-рақамӣ дар ҳукумати электронӣ” баромад намуд. Ӯ доир ба ҳифзи иттилоот бо усулҳои криптографӣ ва истифодаи имзои электронии рақамӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба ҳозирин маълумот пешкаш намуд. 
Дар кори семинар мудири кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт С. Темурбекова ва устоди кафедраи мазкур Д. Усмонов дар мавзӯъҳои “Раванди амалигардонӣ ва пешрафти ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақши иқтисодиёти рақамӣ дар низоми иқтисодиёти муосир” баромад намуданд. Зикр гашт, ки аллакай Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи барномаи давлатии ҳукумати электронӣ ба як қатор пешравиҳо ноил гаштааст. Инчунин қайд карда шуд, ки саривақт ба роҳ мондани иқтисодиёти рақамӣ дар мамлакат метавонад ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. 
Дар хотимаи семинар устодони факултет У. Воҳидов, Ф. Раҳимов ва Х. Ҳабибуллоев оид ба мавзӯъҳои баромадкунандагон ақидаҳои худро баён намуда, пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд. 


Насрулло Тӯйчизода