Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии таъминнокии иқтисодиёт бо пули миллӣ

Баррасии таъминнокии иқтисодиёт бо пули миллӣ

Рӯзи 2 марти соли равон бо ташаббуси кафедраи аудит ва ревизия зермаҳфили “Зеҳн”-и факултети ҳисобдорӣ ва омор бо иштироки ҳайати устодон ва донишҷӯён дар мавзӯи “Таъминнокии иқтисодиёт бо пули миллӣ: ҷанбаҳои таҳлилии таъсиррасонии омилҳои калидии макроиқтисодӣ” баргузор гардид. 
Дар он он директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон, н.и.и., дотсент Солиев Н.Н. ва сардори шуъбаи методология ва таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, н.и.и., дотсент Маҳмадалиев Ф.С. иштирок ва баромад намуданд. 
Маҳфили илмиро декани факултет Ҷурахонзода Б.Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, муҳим ва актуалӣ будани мавзӯи маҳфили илмиро ба аҳли нишаст баён дошт. 
Сипас Солиев Н.Н. баромад карда, иброз дошт, ки мақсади ташкил ва гузаронидани маҳфили имрӯза алоқамандии назария бо амалия мебошад. Маърӯзачӣ таъминнокии иқтисодиётро бо пули миллӣ муҳим шуморида, таъсири омилҳои калидии макроиқтисодиро ба сатҳи таъминнокии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва баҳодиҳӣ қарор дод. Мавсуф аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, қайд намуд, ки дар шароити саноатикунонии мамлакат таъминнокии иқтисодиёт бо пули миллӣ яке аз масъалаҳои актуалӣ дониста мешавад. Инчунин иброз дошт, ки реҷаи сиёсати пулию қарзӣ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба самти маҳдудкунии таваррум ва таъмини босуботи саноатикунонӣ равона карда шудааст. 
Маърӯзачии дигар Маҳмадалиев Ф.С. муҳим будани пешниҳоди аввалиро оид ба таъминнокии иқтисодиёт бо пули миллӣ тасдиқ намуда, доир ба “Фарогирии молиявии аҳолӣ” гузориши муфассал дод. Аз нигоҳи мутахассиси Бонки миллии Тоҷикистон баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ барои рушди низоми бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман, пешрафти иқтисодиёти мамлакат ниҳоят муҳим мебошад. Баромадкунанда таъкид намуд, ки бо мақсади истифодаи васеи хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон Стратегияи фарогирии молиявии аҳолӣ омода карда шудааст. 
Дар охир музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Саидов Р.Н., муовини декани факултети ҳисобдорӣ ва омор оид ба илм