Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши ҷавонон дар ислоҳоти милитсия

Нақши ҷавонон дар ислоҳоти милитсия

Бо мақсади таъмини иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар муҳокимаронии рафти ислоҳот дар самтҳои гуногун, расонидани таклифу пешниҳодҳо дар ин самт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба инобат гирифтани ақидаҳои ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар ҳамкории милитсия бо ҷомеа, амалишавии назорати ҷамъиятӣ аз рафти ҷараёни ислоҳоти милитсия ва татбиқи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои шаҳрвандон бо мақомоти милитсия ҳамарӯза бо донишҷӯёну ҷавонони муассисаҳои олии касбии кишвар вохӯриву чорабиниҳо баргузор мегардад. 
Баҳри татбиқи ин лоиҳаи ислоҳоти милитсия санаи 2-юми марти соли ҷорӣ дар ДДМИТ вохӯрии намояндагони мақомоти милитсия бо донишҷӯёни донишгоҳ сурат гирифт. Дар вохӯрӣ сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Рустам Холзода, сардори минтақаи хизматии №19-и ноҳияи Сино, майори милитсия Фирдавс Хайруллоев, раиси Шӯрои раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Давлат Ёров, муовини раиси Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД дар шаҳри Душанбе Гулпарӣ Латипова, мудири бахши робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино Эраҷ Рамазонов ва ёрдамчии сардори ШВКД дар ноҳияи Сино, майори милитсия Хидиралӣ Мирзозода иштирок доштанд. 
Дар оғози вохӯрӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Амрулло Нурализода суханронӣ карда, нақши мақомоти милитсияро дар ба низом даровардани ҷомеа ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар назаррас арзёбӣ намуд. Сипас Эраҷ Рамазонов баромад намуда, ҳадафи татбиқи Стратегияи ислоҳоти милитсияро ба ҳозирин шарҳ дод. Номбурда ҳадафи ҷорӣ намудани ислоҳотро дар соҳаи милитсия дар таҳким бахшидани робитаи ҷомеа бо милитсия арзёбӣ кард. Дар шароити имрӯза ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд робитаи мустақими худро бо мақомоти милитсия барқарор созад, зеро нақши мақомоти милитсия дар ҷомеа назаррас ва ҳалкунанда аст. 
Пасон Гулпарӣ Латипова мавзӯи ислоҳоти милитсияро идома дода, нақши шаҳрвандон ва хусусан ҷавононро дар татбиқи Стратегияи ислоҳоти милитсия муҳим донист. Инчунин, мавсуф зимни баромад нигаронӣ аз он намуд, ки имрӯз аксарияти ноболиғон ва ҷавонони кишвар даст ба қонуншиканӣ ва ҷиноят зада, умри ҷавонашонро паси панҷара сипарӣ мекунанд. Сабабҳои осебпазирии ин қишри ҷомеаро дар надоштани донишҳои сиёсӣ, дуруст дарк накардани ҳодисаҳои атроф ва паст будани тафаккури динӣ рабт медиҳад. Номбурда нақши волидайн ва устодонро дар пешгирӣ ва коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо байни ноболиғон ва ҷавонон муҳим донист. 
Дар идома Рустам Холзода баромад намуда, масъалаи муҳим – аз зиёдшавии теъдоди қонунвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд. Аз рӯи маълумоти оморӣ, дар соли 2018 аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон 68 ҳолати содир кардани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2017 47 ҳолат зиёд аст. Сабаби асосии шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ дар паст будани дараҷаи фаҳмишҳои сиёсӣ ва динии ҷавонон ва истифодаи нодурусти шабакаи интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ донист ва барои пешгирии ин раванд тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳиро муҳим арзёбӣ кард. 
Дар анҷоми вохӯрӣ баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва коҳиш додани қонуншиканиҳо пешниҳоду таклифҳо ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода