Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Боздиди довталабон аз ДДМИТ

Боздиди довталабон аз ДДМИТ

Шуруъ аз 4 то 9 марти соли равон дар ДДМИТ бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва муаррифии донишгоҳ «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор мегардад. Имрӯз нахустин рӯзи боздиди хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар аз донишгоҳ мебошад. Зимни боздид довталабон аз шарту шароити таҳсил дар донишгоҳ, факултаҳо, синфхонаҳои электронӣ ва лингофонӣ, толорҳои конфронсӣ, китобхона, хобгоҳҳо ва толорҳои варзишиву фарҳангӣ боздид намуданд. Дар бинои асосии донишгоҳ гӯшаи махсуси тарғиботӣ таъсис дода шудааст, ки аз он довталабон маълумотҳои зарурии худро вобаста ба ихтисосҳои мавҷуда метавонанд гиранд. 
Тибқи нақша дар соли таҳсили 2019-2020 донишгоҳ аз рӯи 40 ихтисос довталабонро қабул мекунад. Таҳсилот дар шаклҳои рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр, магистр, доктор РHD, маълумоти дуюми олӣ ва докторантура роҳандозӣ гардидааст. Тавре Муллоҷонов А., котиби комиссияи қабули донишгоҳ иттилоъ дод, вобаста ба талаботи бозори меҳнат имсол чанд ихтисоси нави бозоргир кушода шуданд, ба мисли танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ, идораи молияи давлатӣ, технологияҳои иттилоотии низомҳои молиявӣ, низоми технологияи иттилоотӣ, ки довталабон метавонанд бо онҳо шинос шуда, онҳоро интихоб кунанд. Дар гӯшаи таблиғотии ҳар як факултет мутасаддин вобаста ба ихтисосҳо маълумоти пурра медиҳанд. 
Ёдрас мешавем, ки ҳоло дар ДДМИТ зиёда аз 7000 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.