Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нишони бузургию манзалати Зан-модар дар ҳамоиши бонувони донишгоҳ

Нишони бузургию манзалати Зан-модар дар ҳамоиши бонувони донишгоҳ

Ба ифтихори Рӯзи Модар бо ташаббуси раёсати корҳои тарбиявӣ дар ҳамбастагӣ бо кафедраи фанҳои гуманитарии донишгоҳ рӯзи 5 марти соли равон ҳамоиши бонувони донишҷӯдухтарони таълимгоҳ зери унвони «Нақши занон дар таҳкими ҷомеаи миллӣ» доир гардид. 
Онро Абдулло Давлатзода ҳусни оғоз бахшида, бузургӣ ва манзалати Зан-Модарро васф намуд. Ӯ афзуд, ки воқеан, аввалин мураббӣ ва муаллими инсоният модар аст, зеро тифл нахуст дар батн, сипас дар оғӯши сафобахшу меҳрпарвари ӯ ба воя мерасад ва баргузории ин ҳамоиш нишон аз арҷгузории мо ба ин фариштаи меҳр аст. 
Баъдан Бунавша Қодирова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ баромад карда, бонувонро бо Рӯзи Модар табрик намуд ва ҷойгоҳи занонро дар ҷомеа бузург дониста, гуфт, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ мавқеъ ва нақши зани тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа торафт баланд гаштааст. Воқеан ҳам, истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти зани тоҷик таъсири амиқ гузошт ва имрӯзҳо занон ташаббусро ба даст гирифта, дар соҳаҳои гуногуни кишвар аз худ масъулият ва фаъолияти бештар нишон медиҳанд. Занону бонувон тавонистанд собит намоянд, ки дар баробари рисолати модариву ҳамсарӣ, вазифаи роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд, гуфт Қодирова Б. 
Miz_4001.jpgБаъдан Фирӯза Абдулвоҳидова, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи “Рӯзи модарон ҷашни ниёгони миллати тоҷик” баромад намуда, дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашн маълумотҳои нав дод. Мавсуф дар бораи ташкили ин ҷашн ҳанӯз 3 ҳазор сол пеш аз тарафи ниёгони мо – ориёиҳо барои занони покдомани худ гуфта истода, иброз дошт, ки он дар моҳи сеюми фасли зимистон ҷашн гирфта мешуд ва онро “муждагирон” мегуфтанд. Мавсуф дар бораи нақши занони тоҷик дар давлатдории сулолаи Ҳахоманишиён ва Сосониён махсус истода гузашт ва онро муҳиму назаррас хонд. 
Сипас аз ҷониби Шаҳноза Абдуллоева, ассистенти кафедраи аудит ва ревизия дар мавзӯи “Занон ва ҷомеаи миллӣ” ва донишҷӯдухтарони фаъол, гирандагони стипендияи президентӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Манижа Гулмадзода дар мавзӯи “Нақши занон дар ҷомеа” ва Саёҳат Муқимова дар мавзӯи “Дастрасии ҳуқуқии занон ба таҳсил” маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд. 
Дар маърӯзаҳо нақши занони тоҷик дар рушди ҷомеа, дар тарбияи фарзандон, таҳкими оила, ободии диёр нишон дода шуда, бузургию манзалати ӯ як бори дигар ёдрас гардид. 
Дар охир аз тарафи донишҷӯён дастагули шеъру тарона ва мусаввараҳои олии бозгӯи бузургии Зан-Модар ҳамчун нишони эҳтирому эътимод ба бонувони донишгоҳ тақдим карда шуд. 
Ҳамоиш дар сатҳи баланди ташкилӣ ва хеле ҷолиб сурат гирифт. 


Машҳура Абдуллоева