Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Сайри сухан» - баҳамоварандаи истеъдодҳо

«Сайри сухан» - баҳамоварандаи истеъдодҳо

Санаи 5 марти соли ҷорӣ бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ маҳфили илмӣ-адабии «Сайри сухан», ки ба тозагӣ дар донишгоҳ таъсис ёфтааст, баргузор гардид. Маҳфили мазкурро бо сухани муқаддимавӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Хоҷаев Даврон ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки мақсад аз таъсиси чунин маҳфил дар донишгоҳ ин дар амал тадбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайравӣ ба озмуни ҷумҳуриявӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва бад-ин васила баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию маърифатӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, рушди ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонии донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва докторантони донишгоҳ мебошад. 
Баъдан мудири кафедраи забони тоҷикӣ Раҳмонов Мадислом суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таъсиси чунин як маҳфил дар донишгоҳ иқдоми саривақтӣ буда, бо боварии комил гуфта метавонем, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар ташаккули донишу малака ва истеъдоди донишҷӯёни эҷодкор нақши муассир мегузорад. Инчунин, роҳбари маҳфили «Сайри сухан» Ҷумъа Махшул оид ба нақша ва ҳадафҳои ояндаи он баромад намуда, қайд намуд, ки ин маҳфил метавонад устодон, магистрантон ва донишҷӯёни эҷодкорро дар атрофи худ муттаҳид созад. 
Қайд намудан бамаврид аст, ки дар оянда маҳфили мазкур моҳе як маротиба бо иштироки шоирону нависандагони шинохта баргузор гардида, дар он эҷодиёти аъзоёни он муҳокима мегардад ва беҳтаринашон ба озмунҳои сатҳи гуногун пешниҳод мешаванд. 
Дар анҷоми ҷамъомад иштирокчиён пешниҳоду андешаҳои худро барои боз ҳам беҳтар намудани кори маҳфил баён доштанд.